Хизмат ба Ватан рисолати мардонагист

 

Президент табрикотПаёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 23 — юмин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

22 феврали соли 2016

Муҳтарам генералҳо, афсарону сарбозон ва собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ!

Ҳамватанони азиз!

       Бисту се сол аст, ки ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар рисолати муқаддаси худ — ҳимояи амнияти давлати соҳибистиқлоламон ва зиндагии орому осоиштаи мардуми Тоҷикистонро бо устувориву фидокорӣ иҷро карда истодааст.

        Ба муносибати ин санаи фархунда тамоми ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакатро самимона табрик гуфта, ба кулли ҳомиёни содиқи марзу буми Ватан сиҳатмандиву хушбахтӣ ва сарбаландиву барори кор орзу менамоям.

Дар зарфи беш аз ду даҳсолаи охир Артиши миллии мо ба мактаби тарбияи ватандӯстиву ватандорӣ ва матонату мардонагӣ табдил ёфта, то имрӯз дар сафҳои худ даҳҳо ҳазор ҷавонони обутобёфтаро ба камол расонидааст.

Имрӯз ҷавонони бонангу номуси мо хуб дарк мекунанд, ки хизмат ба Ватан барои онҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ ва рисолати мардонагист.

Яъне, хизмати ҳарбӣ нишонаи равшани эҳсоси ватандӯстӣ, дарки зарурат ва аҳамияти ҳимояи манфиатҳои давлат ва халқи Тоҷикистон мебошад.

Ҳамватанони азизамон хуб дар ёд доранд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар кадом вазъу шароит қарор доштанд.

Ҳоло дар натиҷаи тадбирҳои пайвастаи Давлат ва Ҳукумати мамлакат барои сохторҳои низомии мо тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Ҳукумати мамлакат дар доираи барномаҳои рушди Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ва ҷиҳати ба мактаби воқеии омодасозии муҳофизони Ватан табдил додани ҷузъу томҳои низомӣ аз ҳамаи захираву имкониятҳо истифода мекунад. Зеро дар марҳалаи имрӯзаи рушди давлатдории миллӣ фазои орому осудаи Ватан ва таъмини амнияти давлат ва ҷомеа аз сатҳи масъулиятшиносӣ ва садоқати низомиён — аз сарбози қаторӣ то афсари олирутба вобаста мебошад.

Аз ин хотир, ҳар як афсару сарбоз ва ҳар як ҷавоне, ки ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дохил шуда, савганди ҳарбӣ ёд мекунад, ҳамеша дар хотир дошта бошад, ки хизмати ҳарбӣ, аз ӯ, пеш аз ҳама, иродаи матин, донишу маърифати муосир ва эҳсоси садоқату самимият ба халқу Ватанро талаб менамояд.

Чунки ҳифзу ҳимояи амнияти давлат, суботу оромии ҷомеа ва ҳаёти осудаи сокинони мамлакат ба зиммаи хизматчиёни ҳарбӣ, яъне, ҳайати шахсии сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гузошта шудааст ва онҳо вазифадоранд, ки ин неъмати бебаҳо — сулҳу субот ва оромиву осоиши ҷомеаро чун гавҳараки чашм эҳтиёт кунанд.

Таъкид месозам, ки хизматчиёни ҳарбӣ бояд намунаи олии риояи  интизому тартибот дар ҷомеа ва хизмати содиқона ба халқу давлати худ бошанд.

Ман дар Паёми имсола ба Маҷлиси Олӣ махсус хотирнишон кардам, ки дар шароити ташаннуҷи рӯзафзуни авзои сиёсии ҷаҳон, торафт вусъат гирифтани мухолифату низоъҳои диниву мазҳабӣ ва доман паҳн кардани терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва фаъолияти гурӯҳҳои ҷиноятии фаромарзӣ ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти Давлату миллат барои мо ба масъалаи аввалиндараҷа ва ҳаётан муҳим табдил ёфтааст.

Дар чунин шароит мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии кишвар бояд фаъолияти худро ба таври ҷиддӣ тақвият бахшида, барои иҷрои вазифаҳое, ки имрӯз дар назди онҳо қарор доранд, ҳамеша омода бошанд.

Ҳукумати кишвар бо мақсади мустаҳкам намудани заминаҳои моддиву техникии Қувваҳои Мусаллаҳ, фароҳам овардани шароити боз ҳам беҳтари зиндагиву хизмат ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ минбаъд низ ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ месозад.

Дар ин раванд хотирнишон месозам, ки шарти муҳимтарини баланд бардоштани малакаи касбӣ ва омодабошии Қувваҳои Мусаллаҳ боз ҳам мустаҳкам намудани қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, интизоми ҳарбӣ, яъне риояи ҳатмӣ ва бечунучарои оинномаҳои ҳарбӣ ва тарбияи сиёсиву маънавии ҳайати шахсӣ мебошад.

Пешрафти босуръати технологияҳои муосир тақозо менамояд, ки дар доираи ислоҳоти ҳарбӣ ҷиҳати баланд бардоштани қудрати дифоии кишвар мо ба омӯзиши дақиқи дастовардҳои илми муосири ҳарбӣ, ҷорӣ намудани низоми нави идоракунии ҷузъу томҳои низомӣ, тағйир додани роҳу усулҳои мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ, сайқал додани маҳорати касбӣ ва қобилияти ҷангии Артиши миллӣ боз ҳам ҷиддитар машғул шавем. Сатҳи баланди касбӣ ва омодабошии ҷангии ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҳар давру замон аз таълиму тарбияи хуби афсарону сарбозон, мунтазам такмил додани донишҳои сиёсиву низомӣ ва ҳисси милливу ватандӯстии хизматчиёни ҳарбӣ вобастагии амиқ дорад. Зеро ин омилҳо асоси пойдории сохторҳои низомӣ, ҷузъи муҳимтарини давлатдории миллӣ ва сипари боэътимоди Ватани азизамон мебошанд.

Бовар дорам, ки афсарону сарбозони шуҷои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ба савганди ҳарбии худ ҳамеша содиқ монда, рисолати фарзандии худро дар назди Ватан – Модар ва халқу Давлати хеш минбаъд низ бо сарбаландӣ адо мекунанд ва тамоми донишу таҷриба, малакаву маҳорати худро ба хотири ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ сафарбар месозанд.

Ҳар яки шумо бо хизмати содиқонаи худ бояд исбот намоед, ки Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, дар ҳақиқат, сипари боэътимоди Давлат, ҳимоятгари асосии сокинони кишвар ва сулҳу ваҳдат дар ҷомеа мебошанд.

Бигзор дар сарзамини соҳибистиқлоламон сулҳу оромӣ ҳамеша пойдор бошад ва мо тамоми саъю кӯшиши худро ба он равона созем, ки сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ ба хотири ояндаи неки кишварамон устувору ҷовидон боқӣ монад.

Бори дигар ҳамаи шуморо ба ифтихори ҷашни 23 — юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат табрик гуфта, ба тамоми хизматчиёни низомии мамлакат сиҳатмандиву хушбахтӣ, азму иродаи қавӣ ва дар роҳи ҳифзи Ватани аҷдодӣ барори кор орзу менамоям.

           Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ муборак бошад, ҳомиёни шуҷои Ватан!

Вы можете оставить комментарий, или ссылку на Ваш сайт.

Оставить комментарий

. - .