Дар Чин бори аввал “кибер-суд” барпо гашт

Дар Чин бори аввал “кибер-суд” барпо гашт

Vesti.ru. Дар мамлакат «кибер-суд» — и рақамӣ ба кор оғоз кард, ки вазифааш баррасии шумораи афзояндаи даъвоҳоест, ки бо интернет алоқаманданд.
Интернет-суди Ханчжоу аллакай парвандаи нахустинро баррасӣ кард  — баҳси нақзи ҳуқуқи муаллифиро байни ширкати интернетӣ ва муаллифе, ки матнашро ширкат истифода бурдааст. Намояндаҳои ҷонибҳо ба суд тариқи фосила дастрасӣ доштанд, яъне яке дар Ханчжоу буд, дигаре дар Пекин. Мурофиа 20 дақиқа давом кард.
Суд, пеш аз ҳама, парвандаҳои шаҳрвандӣ, аз ҷумла баҳсҳоеро баррасӣ мекунад, ки бо кори интернет-мағозаҳо алоқаманданд. Дар суд судяҳои муқаррарӣ иштирок мекунанд, даъвогару ҷавобгарон метавонанд дар мурофиа тариқи видеоалоқа ширкат варзанд.

Вы можете оставить комментарий, или ссылку на Ваш сайт.

Оставить комментарий

. - .