ИСТГОҲИ НАМУНАВӢ. ИСТИҚБОЛИ МАРДУМ АЗ ТАШАББУСҲОИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

Дар  хиёбони Рӯдакӣ, назди Театри давлатии академӣ — драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ дар радифи иншооти дигари навбунёд бо иштироки Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе, нахустин истгоҳи намунавӣ барои нақлиёти ҷамъиятии шаҳрӣ рӯнамоӣ шуд.  Истгоҳ  бо тарҳи муосир бунёд ёфта,  дорои хизматрасониҳои гуногун аст.

Истгоҳи намунавӣ, аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Ободонӣ» — и шаҳри Душанбе бунёд гардид. Сохтмони намунаи аввали истгоҳи нақлиёти ҷамъиятӣ дар мутобиқат ба меъёру стандартҳои байналмилалӣ ва бо назардошти сабку услуби меъмории миллӣ ба роҳ монда шуд. Нахустин  бор дар бунёди истгоҳ технологияи пешрафтаи иттилоотӣ ва хизматрасониҳои муосир  истифода гардида, иншооти хизматрасонии истгоҳи номбурда  аз масолеҳи тобовар ба ҳолатҳои гуногуни табиӣ сохта шудааст. Он аз ҷойи нишаст, нуқтаи фурӯши маҷаллаву рӯзномаҳо, терминали кортҳои пардохти роҳкиро, таблоҳои электронӣ барои пешниҳоди маълумот дар бораи  хатсайрҳо ба сокинону меҳмонони пойтахт ва гӯшаҳои  таблиғотӣ иборат мебошад. Ҳамчунин, дар истгоҳ нуқтаи хизматрасонии телефони шаҳрӣ насб гардидааст.
Рустами Эмомалӣ зимни рӯнамоии истгоҳи ҳозиразамон ба тарҳу намуд ва ҷойгиршавии таблоҳои иттилоотӣ мароқ зоҳир намуда,  ба масъулон ҷиҳати  баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии нақлиётӣ ва истифода аз масолеҳи хушсифати  ватанӣ ҳангоми  бунёди чунин иншоот  дастур дод.
Сайидбурҳон Икромӣ, сокини пойтахт, изҳор дошт, ки вақте пас аз рухсатии меҳнатӣ ба Душанбе баргаштам, дар шаҳр навгониҳои зиёдеро дучор омадам ва ҳусни пойтахтро боз ҳам зебою дилработар дарёфтам. Кушодани истгоҳи замонавӣ дар шаҳр барои беҳбуди хизматрасонии нақлиёт аз пешрафту ободтар гардидани пойтахт дарак медиҳад. Дар истгоҳ харитаи шаҳр бо тамоми марказҳои бузурги хизматрасонию иншооти зарурӣ ҷой дода шудааст, ки меҳмонону сайёҳонро бо гӯшаю канори пойтахт ва иншооти муҳими фарҳангию истироҳатӣ шинос менамояд. Ман ҳамчун сокини шаҳр аз ин иқдом хурсандам.
Мувофиқи маълумоти сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, дар ҳудуди хатсайри нақлиёти ҷамъиятӣ аз  Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе  то корхонаи «Сементи тоҷик»  36  истгоҳи намунавӣ сохта   мешавад.

Вы можете оставить комментарий, или ссылку на Ваш сайт.

Оставить комментарий

. - .