ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ АСНОДИ ҲОЛАТИ ШАҲРВАНДӢ»

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ АСНОДИ ҲОЛАТИ ШАҲРВАНДӢ»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2006 «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2006, №4, мод. 201; с. 2008, №12, қ. 2, мод. 1017; с. 2009, №3, мод. 89; с. 2011, №3, мод. 178, №6, мод. 444; с. 2015, №3, мод. 220, №11, мод. 961, мод. 962; с. 2016, №3, мод. 144, мод. 145) тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:
1. Аз матни моддаи 2 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад.
2. Дар моддаи 41:
- дар қисми 1 калимаҳои «шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки» ба калимаҳои «танҳо шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ дорад ва» иваз карда шаванд;
- ба қисми 2 пеш аз калимаи «шаҳрванди» калимаи «танҳо» илова карда шавад.
3. Дар қисми 1 моддаи 35 калимаи «қаламрави» ба калимаи «ҳудуди» иваз карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                   Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 18 июли соли 2017, № 1451

Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                             Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 17 майи соли 2017, № 780

Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ»

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                             М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 12 июли соли 2017, № 429
Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.07.2017    №: 153-154    Мутолиа карданд: 183

Вы можете оставить комментарий, или ссылку на Ваш сайт.

Оставить комментарий

. - .